Додситонии минтақаи Кӯлоб дар ним сол наздик ба 300 қарори раисони шаҳру ноҳияро дар бораи тақсими замин бекор кардааст, чун ҳамаи онҳоро “нодуруст” меҳисобад. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71 маврид бештар аст.
Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, қарорҳои бекоршуда аз ҳама бештар ба шаҳри Кӯлоб рост меояд. “43 қарори ҳукумати шаҳри Кӯлоб бекор карда шуд. 23 қарор аз сӯи прокурори шаҳри Кӯлоб ва 20 қарори дигар аз сӯи Додситонии вилояти Хатлон.”
Додситон гуфт, ки қарорҳои бекоршуда дар шаш моҳи соли 2025 ба раисоне тааллуқ доштанд, ки феълан дар сари вазифаанд. То кунун барои қарорҳои нодуруст касе ҷавобгар шудааст ё не, маълум нест.
Шаҳрдори Кӯлоб гуфт, ҳамаи ин қарорҳои бекоршударо мутобиқ ба қонун дуруст карда, ба соҳибонашон додаанд. Бахтиёр Назарзода афзуд: “Бисёре аз қарорҳо ба хонаҳое рабт доранд, ки ба мерос монда, байни ду ё се писар тақсим гаштаанд. Инҳоро Суд мебинад, муайян мекунад, ҳамон қарорро мутобиқ ба қонун мекунем, аз сари нав медиҳем. Бештараш ҳамин гуна қарор ҳастанд.”
Дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин дар шаҳри Кӯлоб замине барои сохтмони баландошёна ҷудо шуда буд. Додситони минтақа онро бекор ва сохтани хонаро манъ кардааст. Дар Идораи замини шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки замини ҷудошуда ба нақшаи генералӣ мувофиқ набуд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бино бар санҷишҳои ахир то ҳол қарорҳои ғайриқонунӣ аз сӯи раисону шаҳру ноҳияҳо содир мешавад. Ва аксари онҳо ба тақсими замин дахл доштаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, “аз сабабе, ки масъалаи замин бениҳоят муҳим аст, дар Прокурутураи генералӣ раёсати алоҳида карданд. Пештар раёсат вуҷуд надошт. Раёсати умумӣ доштем. Ҳозир раёсати алоҳида аст, бевосита дар бораи қонунвайронкуниҳо дар мавриди замин кор мекунад.”
Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст ва аз ҳамин сабаб тақсими он ба салоҳияти мақомот вогузор шудааст. Бо сабаби камии он ва зиёд будани довталабон тақсими замин бо мушкилот, аз ҷумла гоҳе олуда бо фасод сурат мегирад. Дар гузашта даҳҳо мансабдор барои тақсими нодуруст ва ғайриқонунии замин аз вазифа барканор ва зиндонӣ шудаанд, вале ин мавридҳо ҳанӯз кам нашудааст.
Видеоро дар инҷо бинед: