Дар Санкт-Петербург як шуғли дигарро барои муҳоҷирон манъ карданд

Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрдори Санкт-Петербург, дуввумин шаҳри калонтарин дар Русия кор кардани муҳоҷирон дар бахши хидматрасонии курйериро то охири имсол манъ кардааст.

Бар асоси қарори волии Санкт-Петербург, расондани ғизо ва тамоми намуди молу коло барои муҳоҷирон манъ аст. Ба соҳибони ширкату корхонаҳо дар ин шаҳр дастур шудааст, ки то се моҳи оянда ин қарорро иҷро кунанд.

Мақомоти Санкт Петербург ҳадаф аз қабули ин қарорро "мубориза бо кори пиҳонӣ, беҳтар кардани хадамот дар бахши колорасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, пеш аз ҳама ҷавонон ва донишҷӯён", гуфтаанд.

Расондани молу коло ё курйер як кори даромаднок барои муҳоҷирон гуфта мешуд. Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд".

Пеш аз ин дар моҳи июли имсол шаҳрдори Санкт Петербург муҳоҷирони корирро аз ҳаққи таксиронӣ дар шаҳр то охири имсол маҳрум карда буд.

Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.