Доналд Трамп дар остонаи вохӯриаш бо Владимир Путин гуфт, фикр мекунад раиси ҷумҳури Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанг дар Украина аст. Қарор аст роҳбарони Амрико ва Русия имрӯз 15-уми август дар аёлати Аляска вохӯранд.
Доналд Трамп як рӯз пеш аз ин вохӯрӣ дар суҳбат бо радиои Fox News гуфт, агар вохӯрӣ бо Путин хуб пеш равад, пас аз он бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва роҳбарони Аврупо тамос хоҳад гирифт.
Президенти Амрико афзуд, ҳадаф аз музокирот бо Путин тартиб додани як ҷаласаи дуввум бо ҳузури Украина аст. "Намедонам, ки оё мо ба як оташбаси фаврӣ даст хоҳем ёфт ё хайр", - гуфтааст Доналд Трамп.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", Владимир Путин дар остонаи нишасти Аляска бо вазирон ва мақомоти амниятии ҳукумати худ суҳбат кардааст. Путин дар изҳороти телевизионӣ гуфт, ба назари ӯ ИМА "талошҳои бисёр хуб ва содиқонаро барои таваққуфи хусуматҳо анҷом медиҳад."
Дар ҳамин ҳол роҳбарони Аврупо ва ҳам раиси ҷумҳури Украина нигарони он ҳастанд, ки тавофуқ дар Аляска бар зарари онҳо бошад.
Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо 11-уми август гуфт, ҳамагуна созиш миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи поёни ҷанг дар Украина бояд мавқеи Киев ва Иттиҳоди Аврупоро низ дар назар гирад.