Худоёр Бурҳониён, як корманди пулис дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса 13-уми август дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод.
Худоёр Бурҳониён, пулисе, ки фавтид, фарзанди Олимҷон Бурҳониён, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар будааст. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба хонаводаи Бурҳониён таслият баён карда, аммо ба ҷуз зикри садамаи нақлиётӣ дигар ҷузъиёт надодаанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, пулиси фавтида зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар Хуҷанд кору зиндагӣ мекард.
Манобеи мо мегӯянд, Худоёр Бурҳониён рӯзи 13-уми август дар роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар наздикии заминҳои шолӣ ба садама дучор мешавад.
Дар назар аст, ки рӯзи 15-уми август ӯро дар Панҷакент дафн кунанд.
Ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ба асари садамаҳои нақлиётӣ ҳалок ё захмӣ мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли равон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳат бардоштаанд.