"Касе арзи ғарибро намешунавад." Вазъи муҳоҷирони сарсон дар Исломқалъа

Исломқалъа, Ҳироти Афғонистон. 28-уми июни 2025

Дар шаҳраки Исломқалъа дар Ҳироти Афғонистон паноҳҷӯёну муҳоҷирони сарсону саргардон дар ҳавои тафсон мондаанд. Бахше аз 1 миллиону 200 ҳазор афғонистонӣ, ки фақат дар соли 2025 аз Эрону Покистон ба кишварашон ронда шудаанд. Ба ватане, ки барои бисёре аз онҳо дигар шинохтанӣ нест.

Онҳое, ки баргаштаанд, аз бадрафтории пулиси Эрон шикоят мекунанд. Алиризо Султонӣ, муҳоҷири афғон, гуфт: “Аслан аз хона берун омада намешуд. Агар меомадем берун, ё ба пулис, ё ба сипоҳ, ё ба басиҷ бархӯрд мекардем. Мезаданд. Азият мекарданд, мебурданд посгоҳ.”

"Ман дар шаҳри Машҳад кор доштам, зиндагӣ доштам, мошину хона доштам. Дари мағоза омад, мисли саг рафтор кард, гуфт, мошинро бигир, мағозаро бубанд,” – нақл кард Умед, муҳоҷири афғон.

Дар чанд моҳи гузашта ихроҷи ин мардум аз Эрон авҷ гирифт ва ҳазорон нафар марзи ғарбии Афғонистонро пур карданд. Баъзе фақат либос гирифта омадаанд, на об доранд ва на чизе барои хӯрдан. Баъзеҳоро азизон дар он тарафи марз мондаанд, худашон дар ин тараф дар Афғонистон.

Муҳаммад Ориф, муҳоҷири афғон, гуфт, “шаш фарзанди хурдсол ва як зани ҷавон дар онҷо монда, на пул аст, на пайса. Ин ҳам баргаи хуруҷи ман ва ин ҳам моли давлат. Дигар ҳеч кас арзи ғарибро гӯш намекунад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳаёти муҳоҷирони сарсону саргардон дар Исломқалъа

Созмонҳои имдодӣ аз вазъи бади муҳоҷирону паноҳҷӯён ва ёриҳои нокофӣ ба онҳо бонги изтироб мезананд. Танҳо дар гузаргоҳи Ислом Қалъа ба гуфтаи мақомоти "Толибон" дар як рӯз аз 30 то 50 ҳазор нафар ба Афғонистон мегузаштаанд. Мақомоти "Толибон" эътироф мекунанд, ки ин мардум баъди бозгашти ин гурӯҳи ифротӣ ба қудрат Афғонистонро тарк карда будаанд.

Мавлавӣ Ҳиҷрат, масъули умури муҳоҷирон дар Ислом Қалъа, гуфт, “ҳаштод дар сади ин мардум дар чаҳор соли гузашта кишварро тарк карда, дар Эрон мезистанд. Онҳо бо умеди зиндагии орому хуш ба онҷо рафтаанд. Ҳоло пас аз бозгашт мехоҳанд, кор ва ҷое барои зиндагӣ барояшон фароҳам карда шавад. Нигаронии асосии мардум, ки ба мо мегӯянд, ҳамин аст.”

Аммо барои бисёриҳо бахусус занон ояндаашон дар Афғонистон торику ҳавлнок аст. Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, онҳоро аз кору таҳсил дар идораҳои зиёду донишгоҳҳо маҳрум карданду аз ҷомеа берун афканданд. Ҳоло бисёре аз заноне, ки аз Эрон баргаштаанд, на танҳо азоби равонии ихроҷро мекашанд, балки ояндае пур аз ранҷу бекорӣ, бемактабӣ ва бе истиқлоли фардӣ дар пеш доранд.

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, дар сурати наандешидани чора барои ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи ноошно фақру ноумедӣ боис ба ноамнии бештар дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд.