Маъмурони ФСБ ҳангоми боздошти гумонбарон 65 касро куштаанд

Акс аз бойгонӣ

Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар бештар аз се соли охир дар амалиёти боздошти гумонбарон дастикам 65 касро куштаанд. Оморро нашрияи "Важние истории" ҳисоб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, 44 кушташуда шаҳрванди Русия ва 9 нафар зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Хадамоти федеролии амниятии Русия аксари онҳоро ба омодагӣ ба ҳамла бо дастури хадамоти вижаи Украина ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" айбдор кардааст. Украина чунин иддаоро намепазирад.

Ҳадди ақал ду нафаре, ки моҳи марти соли 2024 дар вилояти Калуга кушта шуданд, шаҳрвандони Қазоқистон будаанд. ФСБ гуфтааст, онҳо гуё бо дастури шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ният доштанд, дар каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав таркиш анҷом диҳанд.

Маъмурони амниятии Русия дар моҳи феврали соли 2025 дар шаҳри Псков низ се шаҳрванди Тоҷикистонро куштанд. Ба иттилои ФСБ, онҳо мехостанд бо дастури як фиристодаи хориҷӣ бинои истгоҳи роҳи оҳани Псковро тарконанд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Псков ва наздикони кушташудагон дар суҳбат бо хабарнигорони "Мигрант Медиа" ва Радиои Озодӣ хабари мақомоти Русияро зери шубҳа бурданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Се муҳоҷири тоҷик дар амалиёти ФСБ кушта шудаанд. Онҳо кӣ буданд?