“137 000 сомонӣ гирифтанд.” Парвандаи як афсари милиса дар додгоҳ

Идораи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноии як афсари милиса ва ҳамкорони ӯро ба додгоҳ фиристодааст, ки ба ришвахорӣ ва суистифода аз мансаб гумонбар мешаванд.

Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 14-уми август дар баёнияе расмӣ гуфт, ки Ҷалолиддин Нурматов ҳангоми кор дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Мастчоҳ бо чанде аз ҳамкорони дигараш ба ҷойи ҳал кардани муроҷиати корафтодагон аз онҳо пул гирифта, ё парванда боз намекарданд ё онро ноодилона тафтиш мекардаанд.

Дар баёнияи Оҷонси мубориза бо фасод омадааст, Ҷалолиддин Нурматов бо муфаттишони дигар “бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ 137 000 сомониро гирифта ба манфиати шахсиашон сарф намуданд."

Ба қавли оҷонсӣ, ин ҷиноятҳо дар моҳи марти имсол ва пас аз он сурат гирифтаанд. Назари муттаҳамон ба ҷиноят маълум нест ва оҷонсӣ ҳам нагуфтааст, ки оё онҳо иттиҳомотро пазируфтаанд ё не.