Аз Клинтон то Трамп. Путин бо раҳбарони Амрико чанд бор мулоқот кардааст?
Владимир Путин, президенти Русия (рост) ва Билл Клинтон, раисҷумҳури Амрико (чап), пас аз имзои созишнома дар бораи таъсиси Маркази муштараки огоҳӣ барои додугирифти маълумот пиромуни партоби мушакҳо. 4-уми июни соли 2000
Билл Клинтон ва Владимир Путин дар маросими ниҳолшинонӣ пеш аз нишасти Гурӯҳи ҳашт дар Ҷопон. Моҳи июли соли 2000
Аз чап ба рост: Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ, раисҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао, президенти Русия Владимир Путин ва ҳамсараш Людмила, раиси Иттиҳоди Аврупо Жан-Клод Юнкер ва президенти Амрико Ҷорҷ Буш пас аз ширкат дар маросими ёдбуди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Маскав. 9-уми майи соли 2005
Путин ва Буш. Сантяго, Чили. 21-уми ноябри соли 2004
Барак Обама (рост) ва Владимир Путин (чап) дар Мексика. 18-уми июни соли 2012
Дидори Путин ва Обама дар ҳошияи нишасти G20 дар Анталияи Туркия. 15-уми ноябри соли 2015
Президенти Амрико Доналд Трамп бо Путин дар нишасти G20 дар Ҳамбурги Олмон. 7-уми июли соли 2017
Трамп ва Путин пеш аз мулоқот дар Ҳелсинки. 16-уми июли соли 2018
Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва Владимир Путин дар нишасти Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар Женева. 16-уми июни соли 2021