Таъйини ҷазо барои таҳияву нашри маводи порнографӣ дар Қирғизистон

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он дигар таҳияву нашр ва ҳифзи маводи порнографӣ ва тарғиби он ҷазо хоҳад дошт.

Ҳадаф аз қонун, ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, муҳофизати арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаи Қирғизистон аст.

Бар асоси қонун, ки рӯзи 11-уми август имзо шуд, дар Қирғизистон агар касеро бо маводи порнографӣ боздошт кунанд, аз 115 то ба 320 доллар ҷарима мебанданд. Ҷаримаҳои бузургтар барои фурӯши аксу видео ё дигар маводи порнографӣ таъйин шудааст.

Аз ин пештар ва дар охири моҳи июл Содир Ҷабборов бо имзои як қонуни дигаре вебсайтҳои порнографиро дар Қирғизистон манъ кард ва провайдерҳои интернетӣ набояд бигузоранд, ки касе ба ингуна вебсайтҳо дастрасӣ дошта бошад.

Дар сурати пайдо кардани манобеи порнографӣ дар вебсайтҳо Вазорати фарҳанги Қирғизистон аз провайдерҳо ё ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет талаб мекунад, ки дастрасии муштариёнро ба онҳо имконнопазир гардонанд.