Як афсари Русия ба сабти қалбакии муҳоҷирон муттаҳам шудааст

Акс аз бойгонӣ

Додситонии низомии Русия як афсари баландпояи Росгвардия ё Горди давлатии Русия ва ҳампаймонҳояшро ба таҳияи сабти иқомати қалбакии муҳоҷирон муттаҳам кардааст.

Ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", Владимир Скобелев – раиси ситоди яке аз воҳидҳои ҳарбии Росгвардия дар минтақаи Краснодар – ҳамроҳи чанд тани дигар дар 116 мавриди ришваситонӣ гумонбар дониста мешавад.

Додгоҳи низомии гарнизони Краснодар таҳқиқи парвандаи 11 нафар, аз ҷумла 7 саркардаи ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро оғоз кардааст, ки ҳамагӣ афсару ходимони Росгвардия мебошанд.

Ба ақидаи муфаттишон, аксар муҳоҷирони бидуни сабти иқомат бар пояи эълонҳои ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз моҳи июли соли 2020-ум то моҳи марти соли 2022 бар ивази 20 ҳазор рубл “пора” соҳиби иҷозатномаи истиқомат дар як пойгоҳи низомии Росгвардия дар қаламрави Краснодар шудаанд.

Таҷдиди солонаи ин ҳуҷҷати қалбакӣ боз 20 ҳазор рубли дигар нарх доштааст.

Муфаттишон ба “Коммерсант” иттилоъ додаанд, ки беш аз 100 шахси порадиҳанда гуноҳашонро эътироф карда, бар ивази 20 ҳазор рубли ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо шудаанд.