Дар чанд ҷумла
Доналд Трамп ба ислоҳоти Созмони Милал даъват кард

Раиси ҷуҳмури Ийолоти Муттҳаидаи Амрико Доналд Трамп ба ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид даъват кард ва гуфт, ки бюрократия ва мудирияти нодуруст, СММ-ро дар истифодаи тавонмандиҳояш ноком кардаанд.
Трамп гуфт, ки СММ пули бисёр харҷ мекунад, ва аз ҳад беш корманд дорад. "Мо натиҷаи мутаносиб ба сармоягузориҳоро намебинем"- гуфт президенти Амрико.
Шарҳи Трамп рӯзи 18 сентябр, дар Ню Йорк дар ҷаласаи бахшида ба ислоҳоти СММ пахш шуд ва Трамп дар он талош кард аз пуштибонии умумӣ барои ислоҳоти ин созмон бархурдор шавад. Ин аввалин суханронии Доналд Трамп дар ҷаласаи Ассамблеяи СММ буд. Дабири кулли СММ Антонио Гуттерас ва раҳбарони 120 кишвар бо Трамп ҳамовозӣ карданд.
Трамп аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои талошҳояш дар роҳи беҳбуди кори ин ташкилоти байналмилалӣ ситоиш кард.
Вашингтон аз сармоягузорони умдаи Созмони Милали Муттаҳид буда, таҳдид кардааст, ки кӯмаки молиаш ба ин ташкилотро коҳиш медиҳад. Ҳаракате, ки агар амалӣ шавад ба гуфтаи Гуттерас барои созмон "мушкилоти ҳалношуданӣ" эҷод хоҳад кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қирғизистон аз симхоркашӣ дар чанд минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар дод

Мақомоти Қирғизистон аз кашидани симхор дар чанд минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар додаанд.
Ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон 13-уми август бо нашри чанд акс гузориш додааст, ки дар ағбаи Кожо Каари деҳаи Оқ-Сой ва мавзеи Каттатузи ноҳияи Лайлак сарбозон ба кашидани симхор оғоз кардаанд.
Ба қавли манбаъ, то имрӯз 62 километ марз симхор кашида шудааст.
Дар хабарномаи ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон омадааст, дар вақти гузарондани симхор дар маҳаллаҳои аҳолинишин ба сокинон огаҳӣ дода шуд, ки дарахтон канда мешаванд.
Дар ҳоле, ки назари сокинони ду тарафи марз ба ин кор маълум нест, ҳукумати Ботканд гуфтааст, сокинон аз дақиқ шудани марз ва кашидани симхорро хуб хуб дарк мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марз бо Қирғизистон ва кашидани симхор ҳеч гуна шарҳе намедиҳанд.
Мақомоти қирғиз қаблан гуфта буданд, то охири имсол беш аз 400 километр марзро бояд симхор кашанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми март дар шаҳри Бишкек аз сӯи президентҳои ду кишвар имзо шуд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи "Жуковский" дармондаанд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки чанд рӯз шуд дар фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав дармондаанд.
Ба гуфта ин муҳоҷирон, онҳоро аз Русия ихроҷ кардаанд, вале намегузоранд бо пули худашон билет харида ба ватан баргарданд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо нафар дар як утоқ нигоҳдорӣ мешаванд.
Баъд аз ҳамла ба толори “Крокус” дар моҳи марти соли 2024, мақомоти Русия вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳоро мушкил карданд.
Дар як соли ахир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон шикоят карданд, ки онҳоро бидуни сабаби аниқ аз фурудгоҳ бармегардонанд.
Ҳалокати як пулиси тоҷик дар садамаи нақлиётӣ

Худоёр Бурҳониён, як корманди пулис дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса 13-уми август дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод.
Худоёр Бурҳониён, пулисе, ки фавтид, фарзанди Олимҷон Бурҳониён, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар будааст. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба хонаводаи Бурҳониён таслият баён карда, аммо ба ҷуз зикри садамаи нақлиётӣ дигар ҷузъиёт надодаанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, пулиси фавтида зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар Хуҷанд кору зиндагӣ мекард.
Манобеи мо мегӯянд, Худоёр Бурҳониён рӯзи 13-уми август дар роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар наздикии заминҳои шолӣ ба садама дучор мешавад.
Дар назар аст, ки рӯзи 15-уми август ӯро дар Панҷакент дафн кунанд.
Ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ба асари садамаҳои нақлиётӣ ҳалок ё захмӣ мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли равон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Кашфи 100 кило нашъа дар наздикии як гузаргоҳи марзӣ дар Суғд
Дар наздикии як гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, аз ин махфигоҳ дар марзи Узбекистон сад кило маводи нашъадор гирифта шуд.
“Шаҳрвандонеро, ки ба ин кор даст зада буданд, дарёфт карда натавонистанд. Мумкин онҳо пайхас карданд, ки аз қафояшон корбарӣ рафта истодааст ё ҳолатҳои дигар,” – гуфт Бахтиёр Тоиров, корманди Идораи мубориза бо маводи мухаддир дар Зарафшон.
Амалиёт дар гузаргоҳи Саразми Панҷакент бо Ҷартеппаи Самарқанд гузаштааст. Масъулон тафсилот надоданд, ки сад кило маводи мухаддир то гузаргоҳи сарҳадӣ чӣ гуна роҳ ёфт.
Соле пеш Идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мерафтанд, маводи мухаддир ёфт ва ин масъала боис ба саргардонии садҳо мусофир аз ду ҷониб гашт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти интизомии Тоҷикистонро накӯҳиш карда, хоҳони назорати сахт бар қочоқи маводи нашъаовар шуданд, то равуоро бо Узбекистон душвор нагардонад.
Масъулони Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Суғд гуфтанд, аз аввали имсол ягон мавриди қочоқи маводи мухаддир ба Узбекистон ва Қирғизистон сабт нашудааст. Санҷишу таъйиди иттилоъ аз манобеи дигар имконпазир нест. Вилояти Суғд бо Қирғизистон ду гузаргоҳи марзӣ дорад.
Олимҷон Тоирзода, иҷрокунандаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Суғд, гуфт: “Ба наздикӣ камтар афюн мусодира кардем. Ҳамкорони мо дар Душанбе онро ошкор карданд. Мақсад дошанд, онро ба Қирғизистон интиқол диҳанд”.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи бештар аз 1300-километрӣ дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Солона дар кишвар садҳо кило афюну тарёку ҳашиш ва ҳероину шиша ё навъи синтетикии маводи мухаддир кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.
“137 000 сомонӣ гирифтанд.” Парвандаи як афсари милиса дар додгоҳ

Идораи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноии як афсари милиса ва ҳамкорони ӯро ба додгоҳ фиристодааст, ки ба ришвахорӣ ва суистифода аз мансаб гумонбар мешаванд.
Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 14-уми август дар баёнияе расмӣ гуфт, ки Ҷалолиддин Нурматов ҳангоми кор дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Мастчоҳ бо чанде аз ҳамкорони дигараш ба ҷойи ҳал кардани муроҷиати корафтодагон аз онҳо пул гирифта, ё парванда боз намекарданд ё онро ноодилона тафтиш мекардаанд.
Дар баёнияи Оҷонси мубориза бо фасод омадааст, Ҷалолиддин Нурматов бо муфаттишони дигар “бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ 137 000 сомониро гирифта ба манфиати шахсиашон сарф намуданд."
Ба қавли оҷонсӣ, ин ҷиноятҳо дар моҳи марти имсол ва пас аз он сурат гирифтаанд. Назари муттаҳамон ба ҷиноят маълум нест ва оҷонсӣ ҳам нагуфтааст, ки оё онҳо иттиҳомотро пазируфтаанд ё не.
Ҷанҷол дар мактаб. Ду тараф чӣ мегӯянд?

Саидакбари Бахшулло, омӯзгоре аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои бадрафторӣ бо шогирдаш ҷарима шуд, мегӯяд, ҳодиса на он тавре аст, ки волидони хонанда гуфтаанд.
Рӯзи 13-уми август Ҳукмиддин Наҷмиддинов, сокини деҳаи Нискон ва падари навраси ҷабрдида, ба Радиои Озодӣ гуфт, муаллим писарашро баъди ҷанҷоли ӯ бо як ҳамсинфаш сарзаниш ва ба қавли вай нафасгир кардааст.
Ин ҳодиса 17-уми май дар мактаби рақами 47 дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори ҷавонро бо гуноҳи иҷро накардани уҳдадорӣ барои таълиму тарбияи як шогирдаш 1500 сомонӣ ҷарима баст.
Саидакбари Бахшулло 14-уми август ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, гуфт, ӯ на аз гулӯи хонанда, балки аз ду бари рӯяш дошт. Ба нақли омӯзгор, ин навраси 13-сола аввал ба духтарони ҳамсабақаш ҳамла карда, онҳоро дашном додааст.
Омӯзгор мегӯяд, ӯ барои ором кардани хонандаҳои синфи дигар рафта буд ва вақте баргашт, дид, ки писар бо духтарон ҷанҷол кардааст. Ӯ навори лаҳзаи ҷанҷоли ин наврас бо духтаронро ба Радиои Озодӣ пешниҳод кард.
Дар видеое, ки волидайни хонанда ба Радиои Озодӣ дода буданд, ин лаҳза набуд. Саидакбари Бахшулло ҳамчунин гуфт, ӯ дар додгоҳ фақат ин гуноҳро эътироф кард, ки синфро беназорат гузоштааст.
Эътилоф: 7 нафар аз шиканҷа ва бадрафторӣ шикоят карданд

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали имсол аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят сабт кардааст.
Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.
Аммо Эътилофи зидди шиканҷа, ки чанд созмони вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро мегирад, мисли солҳои пеш дар бораи шикоятҳо аз шиканҷа тафсилот надодааст. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ним сол ба 27 қурбонии шиканҷа ва наздикони онҳо кумак расонд.
Мақомот ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфтаанд, ки на ҳамаи шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон исбот мешаванд.
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад.
Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.
Мақомоти Тоҷикистон онро "худиқрорӣ" меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.
Дар Тоҷикистон духтарони то 14-соларо эм мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки сар аз моҳи октябри имсол, духтарони аз синни 10 то 14 сола дар кишвар бар зидди вируси папилломаи одам эм карда шаванд.
Дар қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 14 август шинос шуд омадааст, як комиссияи ҷумҳуриявӣ зери роҳбарии муовини нахуствазир “иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам”-ро назорат мекунанд.
Тибқи ин дастур, эм кардани духтарони 10-14 сола бар зидди бемории папилломаи одам фақат як моҳ идома мекунад, аммо эм кардани духтарони 10-сола минбаъд ба таври доимӣ бояд анҷом шавад.
Вазорати маориф вазифадор шудааст, ки барои эм кардани духтарон бар зидди бемории папилломаи одам, дар мактабҳо утоқи алоҳида ҷудо кунад.
Ба гуфтаи пизишкон, папилломаи одам бемории вирусӣ мебошад, ки сабаби пайдо шудани захм дар пӯст, узвҳои таносул ва гарданаки бачадон мешавад.
Пизишкон тавсия медиҳанд, ки барои табобати пурра ин беморӣ, шахс бояд ҳатман ба мутахассис муроҷиат кунад.
Русия занг задан аз тариқи "Вотсап" ва "Телеграм"-ро маҳдуд кард

Идораи “Роскомнадзор” тасдиқ кардааст, ки занг задан аз тариқи паёмрасонҳои "Вотсап" ва "Телеграм" дар Русия маҳдуд шудааст.
Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, “маҳдудият дар занг задан” аз тариқи паёмрасонҳои хориҷӣ, бо ҳадафи “мубориза бо ҷинояткорӣ” ҷорӣ шудааст. Шикоятҳо аз мушкил шудани тамос аз тариқи паёмрасонҳо дар Русия аз оғози моҳи август зиёд шуд.
Пойгоҳи “Осторожно, медиа” рӯзи сешанбеи 12 август хабар дод, ки тасмими бастани зангҳо аз тариқи паёмрасонҳо сиёсӣ буда, ин қарор “дар сатҳи боло” қабул шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони ширкатҳои мухобиротии Русия низ шояд дар ин тасмим даст дошта бошанд, чун онҳо нигарони кам шудани даромад аз зангҳои телефонӣ ҳастанд.
Сомонаи “Вёрстка” навиштааст, паёмрасони "Вотсап" дар Русия наздики 100 миллион ва Телеграм бошад 90 миллион корбар доранд.
Ба гузориши “Вёрстка”, мақомоти Русия мавзӯи пурра бастани "Вотсап" ва "Телеграм"-ро низ баррасӣ доранд, то бозор барои паёмрасони давлатии "Max" боз шавад.
Денис Кусков, мудири кули "Телеграм" ба нашрияи “Ведомост” гуфтааст, баъди маҳдудияти ҷорикардаи “Роскомнадзор”, аллакай зангҳо аз тариқи ширкатҳои мобилии Русия 10-20 дарсад зиёд шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, ба ҷуз зангҳо, дар кори "Вотсап" ва "Телеграм" дигар маҳдудият ҷорӣ накардаанд.
Як омӯзгори тоҷикро барои бадрафторӣ бо шогирдаш ҷазо додаанд
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори ҷавони яке аз мактабҳои ноҳияро бо гуноҳи иҷро накардани уҳдадорӣ барои таълиму тарбияи як шогирдаш 1500 сомонӣ ҷарима бастааст.
Саидакбари Бахшулло, омӯзгори фанни риёзии мактаби рақами 47 дар ҷамоати Роҳатӣ ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳангоми дарс ба яке аз шогирдони 13-солааш бадрафторӣ кардааст.
Ҳукмиддин Наҷмиддинов, сокини деҳаи Нискон ва падари навраси ҷабрдида, рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 17-уми май рух додааст ва муаллим писарашро баъди ҷанҷоли ӯ бо як ҳамсинфаш сарзаниш ва ба қавли вай нафасгир кардааст.
Дар видеои саҳнаи ҳодиса дар дохили синф дида мешавад, ки муаллим аз ҳарду бари рӯи муҳассил гирифта, такон медиҳад ва мегӯяд, ки чӣ гуна бояд паси мизи дарсӣ дуруст нишинад. Баъд аз ҳодиса наврасро ҳам дидан мумкин аст, ки рӯи замин нишаста, қафаси синаашро медорад ва зуд-зуд нафас мегирад.
Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ дар номаи расмӣ ба Ҳукмиддин Наҷмиддинов гуфтааст, ки дар ҳаракатҳои омӯзгор Саидакбари Бахшулло “аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ҷой дорад.
Дар ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ омадааст, бо назардошти он ки Саидакбари Бахшулло “ба гуноҳаш иқрор кард ва аз рафтораш пушаймон шудааст” ва ду тифли хурдсол дорад, ӯро 1500 сомонӣ ҷарима бастанд.
Назари худи омӯзгори тоҷик ба ҳукм маълум нест, вале падари наврас гуфт, ки Саидакбари Бахшулло айни суханонро зимни муҳокима такрор кардааст.
Дар Тоҷикистон бар асоси қонун зӯроварӣ ба муҳассилон ва кӯдакон манъ аст, аммо дар гузашта чанд муаллимро бо гуноҳи бадрафторӣ бо шогирдонашон ҷазо додаанд. Айни замон муаллимони тоҷик аз каҷрафтории шогирдон ва беэътиноии онҳо ба дарс ва бепарвоии волидон нисбат ба таълиму таҳсили фарзандонашон шикоят мекунанд.
Тарҳи манъи таҳсили бепул барои фарзандони муҳоҷирон дар Русия

Гурӯҳе аз вакилони мардумии Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки таҳсили ройгон ва ё бепулро барои фарзандони муҳоҷирон манъ мекунад.
Дар ин санад омадааст, ки хориҷиён, ки аксаран муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, бояд барои таҳсили бачаҳояшон дар мактабҳои Русия пул пардозанд.
Нашрияи русии “Коммерсант” рӯзи 12-уми август навишт, муаллифони тарҳи нави қонун “Дар бораи маориф” чаҳор вакил аз ҳизбҳои гуногуни Русия, аз ҷумла аз Ҳизби коммунист ҳастанд.
Муаллифони тарҳ навиштаанд, ки дар мактабҳои Русия зиёда аз 180 ҳазор аз фарзандони муҳоҷирон мехонанд ва “дар ёд гирифтани забони русӣ ва барномаҳои таълимӣ мушкилӣ мекашанд, аз ин рӯ ба дарсҳои инфиродӣ эҳтиёҷ доранд”.
Вакилони рус ҳамчунин гуфтаанд, ки ба сабаби афзоиши теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо ҷой намерасад ва муаллимон зери фишори афзоянда қарор доранд.”
Дар вазорати маорифи Русия ин гуна пешниҳодро танқид карда, гуфтаанд, ки аз ҳаққи таҳсили ройгон маҳрум кардани фарзандони хориҷиён дар Русия мухолиф ба Конститутсия ва ё Қонуни асосӣ аст.
Моҳи июни имсол вакилони Думаи давлатӣ қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он мактабҳо ӯҳдадор шуданд, ки иттилоот дар бораи бачаҳои муҳоҷирону волидони онҳоро ба Вазорати корҳои дохилӣ бидиҳанд.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав дар соли 2024, ки мақомоти интизомии Русия аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро ба тарҳрезиву анҷоми он гумонбар медонанд, президент Владимир Путин хост, сиёсати муҳоҷиратро бознигарӣ кунанд. Аз он замон то кунун Думаи давлатӣ бештар аз сӣ қарору қонуне қабул кардааст, ки кору зиндагӣ дар Русияро барои муҳоҷирони корӣ маҳдуд ва ё душвор месозад.
Ангуштнигорӣ ва супурдани геном дар марз, сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ, назорати ҳаракати онҳо ба воситаи телефон, маҳдудияти баъзе касбу пешаҳо ва қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.
Маъмурони ФСБ ҳангоми боздошти гумонбарон 65 касро куштаанд

Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар бештар аз се соли охир дар амалиёти боздошти гумонбарон дастикам 65 касро куштаанд. Оморро нашрияи "Важние истории" ҳисоб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, 44 кушташуда шаҳрванди Русия ва 9 нафар зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Хадамоти федеролии амниятии Русия аксари онҳоро ба омодагӣ ба ҳамла бо дастури хадамоти вижаи Украина ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" айбдор кардааст. Украина чунин иддаоро намепазирад.
Ҳадди ақал ду нафаре, ки моҳи марти соли 2024 дар вилояти Калуга кушта шуданд, шаҳрвандони Қазоқистон будаанд. ФСБ гуфтааст, онҳо гуё бо дастури шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ният доштанд, дар каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав таркиш анҷом диҳанд.
Маъмурони амниятии Русия дар моҳи феврали соли 2025 дар шаҳри Псков низ се шаҳрванди Тоҷикистонро куштанд. Ба иттилои ФСБ, онҳо мехостанд бо дастури як фиристодаи хориҷӣ бинои истгоҳи роҳи оҳани Псковро тарконанд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Псков ва наздикони кушташудагон дар суҳбат бо хабарнигорони "Мигрант Медиа" ва Радиои Озодӣ хабари мақомоти Русияро зери шубҳа бурданд.
Дар Санкт-Петербург як шуғли дигарро барои муҳоҷирон манъ карданд

Шаҳрдори Санкт-Петербург, дуввумин шаҳри калонтарин дар Русия кор кардани муҳоҷирон дар бахши хидматрасонии курйериро то охири имсол манъ кардааст.
Бар асоси қарори волии Санкт-Петербург, расондани ғизо ва тамоми намуди молу коло барои муҳоҷирон манъ аст. Ба соҳибони ширкату корхонаҳо дар ин шаҳр дастур шудааст, ки то се моҳи оянда ин қарорро иҷро кунанд.
Мақомоти Санкт Петербург ҳадаф аз қабули ин қарорро "мубориза бо кори пиҳонӣ, беҳтар кардани хадамот дар бахши колорасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, пеш аз ҳама ҷавонон ва донишҷӯён", гуфтаанд.
Расондани молу коло ё курйер як кори даромаднок барои муҳоҷирон гуфта мешуд. Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд".
Пеш аз ин дар моҳи июли имсол шаҳрдори Санкт Петербург муҳоҷирони корирро аз ҳаққи таксиронӣ дар шаҳр то охири имсол маҳрум карда буд.
Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.
Ихроҷи наздик ба ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон

Ба гузориши нави Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, аз рӯзи 17 июл то 10 август қариб ҳазор афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Ин созмон вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён -- Бандари Шерхон, ҳисоб мекунад.
Тибқи омори нави Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, аз 17-уми июл то 10-уми август 1647 кас аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён -- Бандари Шерхон аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштаанд.
Аз инҳо 976 кас аз Тоҷикистон ихроҷ шуда, боқимонда онҳое будаанд, ки бо мақсади дидани хонаводаашон ба Афғонистон баргаштаанд.
Омори Созмони Байналмилалии муҳоҷират нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ, вуруди шаҳрвандон аз Афғонистон ба Тоҷикистон идома дорад.
Дар 25 рӯзи ахир 687 нафар аз тариқи гузаргоҳи Бандари Шерхон аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Манбаъ мегӯяд, беш аз нисфи ин афрод барои ҷустуҷӯи кор ба Тоҷикистон омадаанд. Боқимонда барои сафар ба кишвари дигар ё хабаргирии хешовандонашон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Рақамҳои пешниҳодкардаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бозгӯи он аст, ки мавҷи асосии ихроҷи муҳоҷирони афғонистон аз Тоҷикистон ба рӯзҳои 17-21-уми июл рост меояд.
Раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон пас аз он шиддат гирифт, ки ба гуфтаи шуморе аз муҳоҷирон, нерӯҳои амниятии тоҷик ба таври шифоҳӣ ба онҳо 15 рӯз мӯҳлат дода буданд, то хоки Тоҷикистонро тарк кунанд. Ин мӯҳлат 21 июл ба поён расид.
Пеш аз ин шуморе аз муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозгаштанд, ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бо вуҷуди доштани санадҳои қонунӣ, боздошт ва ихроҷ шудаанд.
Мақомоти тоҷик дар моҳи июл ба таври расмӣ ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ карда, сабабҳои онро шарҳ дода буданд.
Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл бо нашри як изҳорот гуфт, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳо маълум кардаанд, ки "ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир", даст доштаанд.
Аммо Нерӯҳои марзбонӣ ҳеч далел ё омореро дар ин бора зикр накарданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки берун кардани шумори муайяни шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон, дар ҳамин чорчӯба сурат мегирад.
Бар асоси омори ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, ҳудуди 13 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки бештарашон дар интизори интиқол ба кишварҳои севум ҳастанд.
Дар Истаравшан як фозилоби бозмонда аз қарни ҳафтумро ёфтаанд

Бостоншиносони тоҷик дар шаҳри Истаравшан як фозилоб ё низоми обпартоиро ёфтаанд, ки ба бовари онҳо бозмонда аз қарни ҳафтуми милодист. Дар ин бора яке аз ширкатдорони кандуков, меъмор Аминҷон Ҳомидов, хабар додааст.
Хабаргузории “Авесто” аз қавли ӯ навишт, фозилобро, ки ҳазору сесад сол умр дорад, соли 2023 ҳангоми кор бо профессор Раҳим Набиев дар Қалъаи Муғ кашф карданд. Вале дар зери он метавонад лояҳои фарҳангии аз ин ҳам қадимитар нуҳуфта бошад.
Илова бар фозилоб чанд кӯзаи марбут ба асрҳои севум, шашум ва давраҳои қабл аз он низ кашф шудааст.
Бостоншиносон гуфтаанд, як кӯзаи қарни шашум, ки аз бетон сохта ва бо гил пӯшонда шуда буд, мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифт. Ба бовари онҳо, ин ёфта сатҳи болои тафаккури муҳандисӣ ва сохтусозро дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза тасдиқ мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳар чанд вақт аз ёфтани ёдгориҳои таърихӣ ва нишонаҳои қадимӣ будани қаламрави кишвар хабар медиҳанд. То кунун 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразм дар Панҷакент таҷлил шудааст.